10-уми апрели соли 2026 миёни Shohin Airlines ва Airbus вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масоили харидории 4 адад ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро байни ширкати ҳавопаймоӣ ва яке аз истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонии ҳавопаймоҳо баррасӣ карданд.
Вохӯрӣ идомаи муколамаи қаблан дар Тулуза дар аввали сол оғозшуда мебошад, ки дар натиҷаи мулоқоти марбут ба харидории 2 адад ҳавопаймои A320neo ва 2 адад ҳавопаймои A321neo Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои таҳкими шарикӣ ва муайян кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Shohin Airlines ва Airbus ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таҳким мебахшанд ва дар айни замон ҳамкории тарафҳо тамоюли рушди устуворро касб менамояд. Раванди музокирот оид ба харидории ҳавопаймоҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва тавре интизор меравад татбиқи созишномаҳои бадастомада иқдоми муҳим дар самти тавсеаи парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоӣ ва мустаҳкам кардани мавқеи он дар бозори интиқолоти ҳавоӣ хоҳад буд.
Shohin Airlines – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.













