Имзои созишнома байни Shohin Airlines ва Airbus

21-уми июл дар Намоишгоҳи байналмилалии авиатсионӣ дар шаҳри Фарнборои Бритониёи Кабир Shohin Airlines ва Airbus оид ба харидории чор адад ҳавопаймои силсилаи A320neo созишнома ба имзо расониданд ва дар ин хусус мо қаблан интиллоъ дода будем.

Созишнома таъмини ду ҳавопаймои Airbus A320neo ва ду ҳавопаймои Airbus A321neo-ро пешбинӣ менамояд. Ҳавопаймоҳои нав асоси маҷмаи муосир гардида ба ширкати ҳавопаймоӣ имкони роҳандозии парвозҳои минтақавию байналмилалиро бо таъмини сатҳи баланди бехатарӣ, бароҳатӣ ва сифати хизматрасониҳо фароҳам меоранд.

Мо ба ҳайати Airbus ва кулли нафароне, ки дар иқдоми мазкур даст доштанд, изҳори сипос менамоем. Итминони комил дорем, ҳамкории мазкур барои рушди минбаъдаи Shohin Airlines ва таҳкими мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии авиатсионӣ заминаи устувор мегузорад.

Дар акс: Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода ва Ноиби президенти иҷроия оид ба муомилоти тиҷоратии ширкати Airbus Пол Мейерс.

Shohin Airlines фармоиши чор ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo-ро эълон мекунад

Фарнборо, Бритониёи Кабир, 21-уми июли соли 2026 – Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» аз фармоиши чор ҳавопаймои Airbus A320neo иттилоъ медиҳад. Ин аввалин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus барои ширкати ҳавопаймоии мазкур буда, ду ҳавопаймои A320neo ва ду A321neo-ро дар бар мегирад.

Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз», ки моҳи июни соли 2025 ба қайд гирифта шудааст, тасмим дорад шабакаи васеи хатсайрҳо ва бренди устуворро ташаккул дода, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоён намояндагӣ намояд.

Ҳавопаймоҳои A320neo 176 ҷойи мусофирнишин ва A321neo 196 ҷойи нишасти дараҷаҳои бизнес ва экономро дошта, ба ширкати ҳавопаймоӣ имкони роҳандозии парвозҳои минтақавӣ ва байналмилалиро фароҳам меоранд.

Ба қавли директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода – «Тасвиби шартномаи нахустин бо Airbus на танҳо барои Shohin Airlines, балки барои авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ва иқдоми рамзӣ аст. Ҳавопаймоҳои силсилаи A320neo асоси маҷмааи муосиру самаранок ва экологии ширкати ҳавопаймоии мо хоҳанд буд. Мекӯшем барои мусофиронамон сатҳи баланди бехатарӣ, бароҳатӣ ва сифати хизматрасониҳоро таъмин намуда, ҳамзамон алоқаи ҳавоии Тоҷикистонро вусъат диҳем. Итминон дорем, ки шарикӣ бо Airbus барои рушди густурдаи Shohin Airlines ва татбиқи стратегияи мо оид ба таъсиси ширкати ҳавопаймоии сатҳи ҷаҳонӣ заминаи устувор мегузорад».

«Истиқболи фармоишгари нави оилаи Airbus бароямон хушоянд аст ва ифтихор аз он дорем, ки Shohin Airlines бо оғози фаъолияти худ маҳз Airbus-ро интихоб кард, – қайд намуд ноиби президенти иҷроияи Airbus оид ба фурӯши ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ Бенуа де Сен-Экзюперӣ. – Аз дастгирии талошҳои Shohin Airlines барои таҳкими равобити Тоҷикистон бо ҷаҳон ниҳоят хушҳол ҳастем. Созишномаи батасвибрасида оғозбахши ҳамкориҳои эътимодноку мустаҳкам буда, ба ширкати ҳавопаймоӣ имкон медиҳад, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият стандартҳои нави минтақавиро дар самти мукаммалсозии маҷмааи ҳавопаймоӣ, самаранокии амалиётӣ ва сифати хизматрасониҳо муқаррар намояд».

Ҳавопаймоҳои A320 маъмултарин силсилаи ҳавопаймоҳои камбар буда, аз саросари ҷаҳон беш аз 20 000 маротиб фаромоиш шудаанд. Ба ин силсила навъи калонтарини A321neo шомил аст, ки бо хусусиятҳои барҷастаи дурпарвозӣ ва самаранокии истифодабарӣ фарқ мекунад. Дар муқоиса бо насли қаблии ҳавопаймоҳои камбар силсилаи A320neo беш аз 20% сарфаи сӯзишворӣ ва коҳиши партовҳои диоксиди карбон (CO₂)-ро таъмин намуда, бинобар паҳноии толори мусофиринишӣ бароҳатии бештарро фароҳам меорад.

Вазифа: Барномасоз-таҳиягари вебсайт ва барномаҳои мобилӣ (Android / iOS)

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барномасоз-таҳиягари сайт ва барномаҳои мобилиро (Android / iOS) ба кор даъват мекунад. 

Мо мутахассисеро меҷӯем, ки барои таҳия, вусъат ва мушоиати сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS масъул хоҳад буд. Агар шумо омодаи эҷоди маҳсулоти рақамии муосир, татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ ва иштирок дар табдили рақамиии ширкат бошед, ба дастаи мо шомил шавед.

Вазифаҳои асосӣ:

  • таҳия, мушоиат ва вусъатдиҳии вебсайти ширкати ҳавопаймоӣ;
  • таҳия, озмоиш, интишор ва мушоиати барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS;
  • тарҳрезӣ ва таҳияи функсионали нав ҷиҳати беҳтар кардани хизматрасониҳои рақамӣ барои мусофирон;
  • ҳамгироии сомона ва барномаҳои мобилӣ бо низомҳои иттилоотии дохилӣ ва берунии ширкати ҳавопаймоӣ (PSS, DCS, API-и ширкатҳои ҳавопаймоӣ, низомҳои интиқоли маблағ, CRM, ERP ва дигар хизматрасониҳо);
  • таъмини самаранокӣ, устуворӣ, коршоямӣ, бехатарии вебсайт ва барномаҳои мобилӣ;
  • бартараф кардани ноқисиҳои техникӣ, гузаронидани ташхис ва мукаммалсозии рамзи барномасозӣ;
  • иштирок дар тарҳрезии услуби барномаҳо ва интихоби технологияҳои муосири коркард;
  • ҳамкорӣ бо тарроҳони UX/UI, маъмурони системавӣ, таҳвилкунандагони таъминоти барномавӣ ва дигар шӯъбаҳои ширкат;
  • иштирок дар озмоиш, амалисозӣ ва дастгирии лоиҳаҳои нави рақамии ширкати ҳавопаймоӣ.

Талаботи тахассусӣ:

  • маълумоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисии барномавӣ, илмҳои компютерӣ ва ё ихтисосҳои марбута;
  • таҷрибаи коркарди тиҷоратии вебсайтҳо ва барномаҳои мобилӣ на камтар аз 2 сол;
  • малакаи хуби кор дар HTML5, CSS3, JavaScript (ES6+) ва TypeScript;
  • таҷрибаи кор бо фреймворкҳои муосири JavaScript (React, Angular, Vue.js);
  • таҷрибаи таҳияи барномаҳои мобилӣ бо истифода аз Flutter ва ё React Native (донистани Kotlin и Swift бартарият дорад);
  • таҷрибаи таҳияи қисми серверӣ (Node.js, PHP, ASP.NET, Java ва ё технологияҳои шабеҳ);
  • донистани REST API, JSON, OAuth, ҳамгироӣ бо барномаҳои беруна;
  • таҷрибаи кор бо маҳзани маълумотҳо (PostgreSQL, MySQL, MS SQL Server ва ё монанди онҳо);
  • таҷрибаи кор бо низомҳои назоратӣ (Git);
  • донистани асосҳои кибербехатарӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва таҳияи таъминоти барномавӣ;
  • таҷрибаи интишори барномаҳои мобилӣ дар Google Play ва App Store бартарият дорад;
  • тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ, қобилияти кори дастаҷамъона бо риояи мӯҳлатҳои муқарраршуда.

Пешниҳодоти мо:

  • шуғли расмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • музди меҳнати рақобатпазир;
  • фаъолият дар ширкати ҳавопаймоии муосир ва рушдёбанда;
  • иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои табдили рақамии соҳаи авиатсия;
  • имконияти бозомӯзии касбӣ, сертификатсия ва рушди касбӣ;
  • шароити бароҳати кор;
  • кор дар дастаи мутахассисони ба рушд ва роҳандозии технологияҳои муосир нигаронидашуда.

Тамос:

Агар узви дастаи ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” шудану дар эҷоди хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои мусофирон саҳм гузоштан хоҳед, маълумотномаи (резюме) худро ба нишонии sh.nuriddinov@shohinair.tj фиристед.

Вазифа: Маркетолог

✈️ Shohin Airlines ба дастаи худ маркетологро даъват менамояд!

Мо мутахассиси ташаббускору кордонро меҷӯем, ки ба рушди бренди ширкати ҳавопаймоӣ, ҷалби муштариёни нав ва баланд бардоштани таваҷҷӯҳи мусофирон ба ширкат мусоидат намояд.

Вазифаҳо:

  • Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии ширкат.
  • Банақшагирӣ ва гузаронидани иқдомҳои таблиғотӣ (онлайн ва офлайн).
  • Пешбурд ва рушди шабакаҳои иҷтимоии ширкат.
  • Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи муштариен.
  • Омода кардани маводҳои маркетингӣ.
  • Ташкили иқдомҳо, лоиҳаҳои шарикӣ ва пешниҳодҳои махсус.
  • Таҳлили фаъолияти маркетингӣ ва таҳияи ҳисобот.
  • Ҳамкорӣ бо ширкатҳои хизматрасон ва агентиҳои таблиғотӣ.

Талабот:

  • Маълумоти олӣ дар бахши маркетинг, таблиғ ва самтҳои марбута.
  • Таҷрибаи корӣ ҳамчун маркетолог на камтар аз 3 сол.
  • Донистани воситаҳои маркетинги рақамӣ ва таҳлил.
  • Малакаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рекламавӣ.
  • Забондонӣ дар сатҳи аъло (хаттӣ ва шифоҳӣ).
  • Эҷодкорӣ, масъулият ва қобилияти кор дар гурӯҳ.
  • Донистани забони англисӣ бартарӣ хоҳад дошт.

Мо пешниҳод мекунем:

  • Кор дар ширкати ҳавопаймоии босуръат рушдкунанда.
  • Музди рақобатпазир.
  • Имкониятҳои рушди касбӣ ва омӯзиш.
  • Шароити хуби мехнат.
  • Иштирок дар лоиҳаҳои ҷолиби соҳаи авиатсия.

Агар Шумо омодаи рушд додани бренди Shohin Airlines-ро доред, маълумотномаи (резюме) худро фиристед – cd@shohinair.tj

Бо Shohin Airlines уфуқҳои нав кушоед!

Подписаться (tg)
Дар бораи мо?