Вазифа: Барномасоз-таҳиягари вебсайт ва барномаҳои мобилӣ (Android / iOS)

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барномасоз-таҳиягари сайт ва барномаҳои мобилиро (Android / iOS) ба кор даъват мекунад. 

Мо мутахассисеро меҷӯем, ки барои таҳия, вусъат ва мушоиати сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS масъул хоҳад буд. Агар шумо омодаи эҷоди маҳсулоти рақамии муосир, татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ ва иштирок дар табдили рақамиии ширкат бошед, ба дастаи мо шомил шавед.

Вазифаҳои асосӣ:

  • таҳия, мушоиат ва вусъатдиҳии вебсайти ширкати ҳавопаймоӣ;
  • таҳия, озмоиш, интишор ва мушоиати барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS;
  • тарҳрезӣ ва таҳияи функсионали нав ҷиҳати беҳтар кардани хизматрасониҳои рақамӣ барои мусофирон;
  • ҳамгироии сомона ва барномаҳои мобилӣ бо низомҳои иттилоотии дохилӣ ва берунии ширкати ҳавопаймоӣ (PSS, DCS, API-и ширкатҳои ҳавопаймоӣ, низомҳои интиқоли маблағ, CRM, ERP ва дигар хизматрасониҳо);
  • таъмини самаранокӣ, устуворӣ, коршоямӣ, бехатарии вебсайт ва барномаҳои мобилӣ;
  • бартараф кардани ноқисиҳои техникӣ, гузаронидани ташхис ва мукаммалсозии рамзи барномасозӣ;
  • иштирок дар тарҳрезии услуби барномаҳо ва интихоби технологияҳои муосири коркард;
  • ҳамкорӣ бо тарроҳони UX/UI, маъмурони системавӣ, таҳвилкунандагони таъминоти барномавӣ ва дигар шӯъбаҳои ширкат;
  • иштирок дар озмоиш, амалисозӣ ва дастгирии лоиҳаҳои нави рақамии ширкати ҳавопаймоӣ.

Талаботи тахассусӣ:

  • маълумоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисии барномавӣ, илмҳои компютерӣ ва ё ихтисосҳои марбута;
  • таҷрибаи коркарди тиҷоратии вебсайтҳо ва барномаҳои мобилӣ на камтар аз 2 сол;
  • малакаи хуби кор дар HTML5, CSS3, JavaScript (ES6+) ва TypeScript;
  • таҷрибаи кор бо фреймворкҳои муосири JavaScript (React, Angular, Vue.js);
  • таҷрибаи таҳияи барномаҳои мобилӣ бо истифода аз Flutter ва ё React Native (донистани Kotlin и Swift бартарият дорад);
  • таҷрибаи таҳияи қисми серверӣ (Node.js, PHP, ASP.NET, Java ва ё технологияҳои шабеҳ);
  • донистани REST API, JSON, OAuth, ҳамгироӣ бо барномаҳои беруна;
  • таҷрибаи кор бо маҳзани маълумотҳо (PostgreSQL, MySQL, MS SQL Server ва ё монанди онҳо);
  • таҷрибаи кор бо низомҳои назоратӣ (Git);
  • донистани асосҳои кибербехатарӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва таҳияи таъминоти барномавӣ;
  • таҷрибаи интишори барномаҳои мобилӣ дар Google Play ва App Store бартарият дорад;
  • тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ, қобилияти кори дастаҷамъона бо риояи мӯҳлатҳои муқарраршуда.

Пешниҳодоти мо:

  • шуғли расмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • музди меҳнати рақобатпазир;
  • фаъолият дар ширкати ҳавопаймоии муосир ва рушдёбанда;
  • иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои табдили рақамии соҳаи авиатсия;
  • имконияти бозомӯзии касбӣ, сертификатсия ва рушди касбӣ;
  • шароити бароҳати кор;
  • кор дар дастаи мутахассисони ба рушд ва роҳандозии технологияҳои муосир нигаронидашуда.

Тамос:

Агар узви дастаи ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” шудану дар эҷоди хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои мусофирон саҳм гузоштан хоҳед, маълумотномаи (резюме) худро ба нишонии sh.nuriddinov@shohinair.tj фиристед.

Вазифа: Маркетолог

✈️ Shohin Airlines ба дастаи худ маркетологро даъват менамояд!

Мо мутахассиси ташаббускору кордонро меҷӯем, ки ба рушди бренди ширкати ҳавопаймоӣ, ҷалби муштариёни нав ва баланд бардоштани таваҷҷӯҳи мусофирон ба ширкат мусоидат намояд.

Вазифаҳо:

  • Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии ширкат.
  • Банақшагирӣ ва гузаронидани иқдомҳои таблиғотӣ (онлайн ва офлайн).
  • Пешбурд ва рушди шабакаҳои иҷтимоии ширкат.
  • Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи муштариен.
  • Омода кардани маводҳои маркетингӣ.
  • Ташкили иқдомҳо, лоиҳаҳои шарикӣ ва пешниҳодҳои махсус.
  • Таҳлили фаъолияти маркетингӣ ва таҳияи ҳисобот.
  • Ҳамкорӣ бо ширкатҳои хизматрасон ва агентиҳои таблиғотӣ.

Талабот:

  • Маълумоти олӣ дар бахши маркетинг, таблиғ ва самтҳои марбута.
  • Таҷрибаи корӣ ҳамчун маркетолог на камтар аз 3 сол.
  • Донистани воситаҳои маркетинги рақамӣ ва таҳлил.
  • Малакаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рекламавӣ.
  • Забондонӣ дар сатҳи аъло (хаттӣ ва шифоҳӣ).
  • Эҷодкорӣ, масъулият ва қобилияти кор дар гурӯҳ.
  • Донистани забони англисӣ бартарӣ хоҳад дошт.

Мо пешниҳод мекунем:

  • Кор дар ширкати ҳавопаймоии босуръат рушдкунанда.
  • Музди рақобатпазир.
  • Имкониятҳои рушди касбӣ ва омӯзиш.
  • Шароити хуби мехнат.
  • Иштирок дар лоиҳаҳои ҷолиби соҳаи авиатсия.

Агар Шумо омодаи рушд додани бренди Shohin Airlines-ро доред, маълумотномаи (резюме) худро фиристед – cd@shohinair.tj

Бо Shohin Airlines уфуқҳои нав кушоед!

Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барои ишғоли вазифаи муҳандис ва техники авиатсионии дараҷаи B1/B2 (СиД ва АиРЭО) оид ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои навъи A320, A321, A319, L410, ва чархболҳои Ми-8 озмун эълон менамояд

Мо ба дастаи департаменти техникӣ мутахассисони баландихтисосеро даъват менамоем, ки омодаанд сатҳи баланди бехатарии парвозҳо, эътимоднокии техникаи авиатсионӣ ва истифодаи самараноки ҳавопаймоҳоро таъмин намоянд.

Уҳдадориҳо: 

• Иҷрои хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо тибқи талаботи меъёрии амалкунанда 

• Гузаронидани чорабиниҳои нақшавии техникӣ ва ташхиси нуқсонҳо 

• Назорати ҳолати техникии техникаи авиатсионӣ 

• Пешбурди ҳуҷҷатгузории техникӣ 

• Ҳамкорӣ бо воҳидҳои ширкат барои таъмини истифодаи муттасили техникаи ҳавопаймоӣ

Талабот:

• Маълумоти касбии техникӣ (авиатсионӣ, муҳандисӣ)

• Таҷрибаи кор дар соҳаи хизматрасонии техникии техникаи авиатсионӣ; мавҷудияти иҷозатномаи амалкунанда афзалият дорад

• Донистани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳои авиатсияи гражданӣ

• Донистани забони англисӣ дар сатҳи зарурӣ барои кор бо ҳуҷҷатҳои техникӣ 

• Масъулиятнокӣ, дақиқкорӣ, қобилияти иҷрои корҳои гурӯҳӣ

• Омодагӣ ба кори баставӣ

Пешниҳоди мо:

• Кор дар ширкати ҳавопаймоии устувору рушдкунанда

• Музди меҳнати рақобатпазир 

• Имкониятҳои рушди касбӣ 

• Омӯзиш ва такмили ихтисос

Агар хоҳиши дар соҳаи авиатсия рушд кардан ва бо техникаи муосири авиатсионӣ кор карданро дошта бошед ва мехоҳед дар таъмини бехатарии парвозҳоро саҳмгузор бошед, мо интизори Шумоем.

Барои иштирок дар озмун маълумотномаи шахсӣ (резюме), нусхаҳои шиноснома, диплом, шаҳодатномаи муҳандис/авиатехник (агар мавҷуд бошад) ва сертификатҳоро ба почтаи электронии: td@shohinair.tj ирсол намоед.

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» барои ишғоли вазифаи роҳбалад миёни бонувон озмун эълон менамояд

Талабот нисбати довталабон:

• Синну сол аз 18 то 25-сола;

• Саломатӣ ва омодагии хуби ҷисмонӣ, қобилияти шиноварӣ;

• Қаду қомат на пасттар аз 170 см;

• Сатҳи баланди забондонӣ: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

• Малакаи хуби муошират;

• Доштани маълумоти олӣ ва ё таҳсил дар макотиби олӣ;

• Намуди зоҳирии озодаву табиӣ, мувофиқ ба стандартҳои корпоративии ширкати ҳавопаймоӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳод:

• Резюме (CV);

• 1 дона акси рангаи ба қад;

• Нусхаи ҳуҷҷат оид ба маълумоти олӣ (барои донишҷӯён маълумотнома аз ҷойи таҳсил);

• Нусхаи ҳуҷҷат (сертификат), ки сатҳи дониши забони англисиро тасдиқ менамояд (агар бошад).

Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

Ҳуҷҷатҳои қайдшударо довталабон бояд ба почтаи электронии cabincrew@shohinair.tj ирсол намоянд

Подписаться (tg)
Дар бораи мо?