Шоҳин Эйрлайнз аввалин солгарди таъсисёбии худро қайд кард

Санаи 25 июни соли 2026 ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” нахустин солгарди таъсисёбии худро қайд кард. Дар ин давра ширкат марҳилаи ташаккулёбиро бомуваффақият паси сар кард, гурӯҳи касбиро ташкил намуда барои рушди минбаъда ва татбиқи нақшаҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Ба муносибати яксолагии ширкат дар саридораи ширкати ҳавопаймоӣ чорабинии расмӣ гузаронида шуда, дар фазои тантанавӣ роҳбарияти ширкат бо натиҷагирӣ аз соли аввали фаъолият ба ҳайати кормандон барои меҳнати софдилона, касбияти баланд ва саҳмгузорӣ дар рушди ширкати ҳавопаймоӣ изҳори сипос намуданд. 

Зимнан кормандоне, ки дар ташаккул ва рушди ширкат саҳми назаррас гузоштаанд, барои фаъолияти самаранок ва масъулитшиносӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. 

Дар муроҷиати худ ба коллективи корхона роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” таъкид доштанд, ки дастовардҳои соли аввал ба шарофати кори дастаҷамъона, касбияти кормандон, кӯшиши ҷорӣ намудани стандартҳои баланди сифат, бехатарӣ ва самаранокӣ имконпазир шуданд. Ба қавли Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода: “Соли аввали фаъолият оғози роҳи бузург аст ва ширкатро рушду дастовардҳои нав дар пешанд”.

Shohin Airlines – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Вазифа: Таҳлилгари молиявӣ

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines таҳлилгари молиявиро ба кор даъват менамояд.

Вазифаҳои асосӣ:

– Таҳия ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва идоракунӣ.

– Иштирок дар равандҳои буҷетсозӣ, банақшагирии молиявӣ ва пешбинӣ.

– Таҳлили даромад, хароҷот ва даромаднокии парвозҳову хатсайрҳо.

– Таҳияи модел ва пешбиниҳои молиявӣ.

– Назорати иҷрои буҷет ва таҳлили фарқияти нишондиҳандаҳои воқеӣ аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ.

– Омодасозии маводи таҳлилӣ ва муаррифиҳо барои роҳбарияти ширкат.

– Назорати муттасил ва таҳлили нишондиҳандаҳои асосии молиявӣ (KPI).

– Иштирок дар автоматикунонии равандҳои ҳисоботи молиявӣ ва таҳлил.

– Ҳамкорӣ бо муҳосибот ва департаментҳои тиҷоративу амалиётии ширкат.

Талабот:

– Маълумоти олӣ дар соҳаи молия, иқтисод, ҳисобдорӣ ва ё ихтисосҳои марбута.

– Таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол ба ҳайси таҳлилгари молиявӣ, иқтисодчӣ ё банақшагирандаи молиявӣ.

– Донистани барномаи Microsoft Excel.

– Донистани усулҳои таҳлили молиявӣ, буҷет ва моделсозии молиявӣ.

– Доштани тафаккури таҳлилӣ, диққатдиҳӣ ба ҷузъиёт, масъулиятшиносӣ.

– Забондонӣ: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

– Донистани барномаҳои Power BI, 1C ва дигар низомҳои таҳлилӣ афзалият дорад.

Мо пешниҳод мекунем:

– Фаъолият дар ширкати ҳавопаймоии рушдёбанда.

– Музди меҳнати рақобатпазир.

– Имкониятҳои рушди касбӣ.

– Шуғли расмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Агар ба ширкати Shohin Airlines пайвастан хоҳед, маълумотномаи (резюме) худро ба почтаи электронии info@shohinair.tj бо дарҷи «Таҳлилгари молиявӣ» дар мавзӯи мактуб ирсол намоед.

Подписаться (tg)
Дар бораи мо?