Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барои ишғоли вазифаи муҳандис ва техники авиатсионии дараҷаи B1/B2 (СиД ва АиРЭО) оид ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои навъи A320, A321, A319, L410, ва чархболҳои Ми-8 озмун эълон менамояд

Мо ба дастаи департаменти техникӣ мутахассисони баландихтисосеро даъват менамоем, ки омодаанд сатҳи баланди бехатарии парвозҳо, эътимоднокии техникаи авиатсионӣ ва истифодаи самараноки ҳавопаймоҳоро таъмин намоянд.

Уҳдадориҳо: 

• Иҷрои хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо тибқи талаботи меъёрии амалкунанда 

• Гузаронидани чорабиниҳои нақшавии техникӣ ва ташхиси нуқсонҳо 

• Назорати ҳолати техникии техникаи авиатсионӣ 

• Пешбурди ҳуҷҷатгузории техникӣ 

• Ҳамкорӣ бо воҳидҳои ширкат барои таъмини истифодаи муттасили техникаи ҳавопаймоӣ

Талабот:

• Маълумоти касбии техникӣ (авиатсионӣ, муҳандисӣ)

• Таҷрибаи кор дар соҳаи хизматрасонии техникии техникаи авиатсионӣ; мавҷудияти иҷозатномаи амалкунанда афзалият дорад

• Донистани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳои авиатсияи гражданӣ

• Донистани забони англисӣ дар сатҳи зарурӣ барои кор бо ҳуҷҷатҳои техникӣ 

• Масъулиятнокӣ, дақиқкорӣ, қобилияти иҷрои корҳои гурӯҳӣ

• Омодагӣ ба кори баставӣ

Пешниҳоди мо:

• Кор дар ширкати ҳавопаймоии устувору рушдкунанда

• Музди меҳнати рақобатпазир 

• Имкониятҳои рушди касбӣ 

• Омӯзиш ва такмили ихтисос

Агар хоҳиши дар соҳаи авиатсия рушд кардан ва бо техникаи муосири авиатсионӣ кор карданро дошта бошед ва мехоҳед дар таъмини бехатарии парвозҳоро саҳмгузор бошед, мо интизори Шумоем.

Барои иштирок дар озмун маълумотномаи шахсӣ (резюме), нусхаҳои шиноснома, диплом, шаҳодатномаи муҳандис/авиатехник (агар мавҷуд бошад) ва сертификатҳоро ба почтаи электронии: td@shohinair.tj ирсол намоед.

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Шоҳин Эйрлайнз” барои ишғоли вазифаи ҳавонаварди дуюми ҳавопаймои L-410 озмун эълон менамояд.

Талабот нисбати довталабон:

• Доштани шаҳодатномаи амалкунандаи ҳавонавардӣ CPL/IR (A) ва ATPL (A).

• Доштани шаҳодатномаи тиббии амалкунанда Class 1

• Доштани шаҳодатномаҳои

– МСС (Multi-Crew Cooperation Course)

– UPRT (Upset Prevention and Recovery Training)

• Донистани забони англисии ICAO дар сатҳи на поён аз дараҷаи 4-ум

Мо пешниҳод менамоем:

• Музди меҳнати рақобатпазир

• Фаъолияти меҳнатии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати ҶТ

• Парвозҳои доимӣ

• Имконоти рушди касбӣ

Агар хоҳиши узви дастаи мо шудану рушд карданро дошта бошед, маълумотномаи (резюме) худро ба почтаи электронии a.bobokhonov@shohinair.tj ирсол намоед.

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» барои ишғоли вазифаи роҳбалад миёни бонувон озмун эълон менамояд

Талабот нисбати довталабон:

• Синну сол аз 18 то 25-сола;

• Саломатӣ ва омодагии хуби ҷисмонӣ, қобилияти шиноварӣ;

• Қаду қомат на пасттар аз 170 см;

• Сатҳи баланди забондонӣ: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

• Малакаи хуби муошират;

• Доштани маълумоти олӣ ва ё таҳсил дар макотиби олӣ;

• Намуди зоҳирии озодаву табиӣ, мувофиқ ба стандартҳои корпоративии ширкати ҳавопаймоӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳод:

• Резюме (CV);

• 1 дона акси рангаи ба қад;

• Нусхаи ҳуҷҷат оид ба маълумоти олӣ (барои донишҷӯён маълумотнома аз ҷойи таҳсил);

• Нусхаи ҳуҷҷат (сертификат), ки сатҳи дониши забони англисиро тасдиқ менамояд (агар бошад).

Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

Ҳуҷҷатҳои қайдшударо довталабон бояд ба почтаи электронии cabincrew@shohinair.tj ирсол намоянд

Подписаться (tg)
Дар бораи мо?