Вазифа: Барномасоз-таҳиягари вебсайт ва барномаҳои мобилӣ (Android / iOS)
13 Jul 2026
•
5 дақиқа хондан
ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барномасоз-таҳиягари сайт ва барномаҳои мобилиро (Android / iOS) ба кор даъват мекунад.
Мо мутахассисеро меҷӯем, ки барои таҳия, вусъат ва мушоиати сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS масъул хоҳад буд. Агар шумо омодаи эҷоди маҳсулоти рақамии муосир, татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ ва иштирок дар табдили рақамиии ширкат бошед, ба дастаи мо шомил шавед.

Вазифаҳои асосӣ:
- таҳия, мушоиат ва вусъатдиҳии вебсайти ширкати ҳавопаймоӣ;
- таҳия, озмоиш, интишор ва мушоиати барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS;
- тарҳрезӣ ва таҳияи функсионали нав ҷиҳати беҳтар кардани хизматрасониҳои рақамӣ барои мусофирон;
- ҳамгироии сомона ва барномаҳои мобилӣ бо низомҳои иттилоотии дохилӣ ва берунии ширкати ҳавопаймоӣ (PSS, DCS, API-и ширкатҳои ҳавопаймоӣ, низомҳои интиқоли маблағ, CRM, ERP ва дигар хизматрасониҳо);
- таъмини самаранокӣ, устуворӣ, коршоямӣ, бехатарии вебсайт ва барномаҳои мобилӣ;
- бартараф кардани ноқисиҳои техникӣ, гузаронидани ташхис ва мукаммалсозии рамзи барномасозӣ;
- иштирок дар тарҳрезии услуби барномаҳо ва интихоби технологияҳои муосири коркард;
- ҳамкорӣ бо тарроҳони UX/UI, маъмурони системавӣ, таҳвилкунандагони таъминоти барномавӣ ва дигар шӯъбаҳои ширкат;
- иштирок дар озмоиш, амалисозӣ ва дастгирии лоиҳаҳои нави рақамии ширкати ҳавопаймоӣ.
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисии барномавӣ, илмҳои компютерӣ ва ё ихтисосҳои марбута;
- таҷрибаи коркарди тиҷоратии вебсайтҳо ва барномаҳои мобилӣ на камтар аз 2 сол;
- малакаи хуби кор дар HTML5, CSS3, JavaScript (ES6+) ва TypeScript;
- таҷрибаи кор бо фреймворкҳои муосири JavaScript (React, Angular, Vue.js);
- таҷрибаи таҳияи барномаҳои мобилӣ бо истифода аз Flutter ва ё React Native (донистани Kotlin и Swift бартарият дорад);
- таҷрибаи таҳияи қисми серверӣ (Node.js, PHP, ASP.NET, Java ва ё технологияҳои шабеҳ);
- донистани REST API, JSON, OAuth, ҳамгироӣ бо барномаҳои беруна;
- таҷрибаи кор бо маҳзани маълумотҳо (PostgreSQL, MySQL, MS SQL Server ва ё монанди онҳо);
- таҷрибаи кор бо низомҳои назоратӣ (Git);
- донистани асосҳои кибербехатарӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва таҳияи таъминоти барномавӣ;
- таҷрибаи интишори барномаҳои мобилӣ дар Google Play ва App Store бартарият дорад;
- тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ, қобилияти кори дастаҷамъона бо риояи мӯҳлатҳои муқарраршуда.
Пешниҳодоти мо:
- шуғли расмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- музди меҳнати рақобатпазир;
- фаъолият дар ширкати ҳавопаймоии муосир ва рушдёбанда;
- иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои табдили рақамии соҳаи авиатсия;
- имконияти бозомӯзии касбӣ, сертификатсия ва рушди касбӣ;
- шароити бароҳати кор;
- кор дар дастаи мутахассисони ба рушд ва роҳандозии технологияҳои муосир нигаронидашуда.
Тамос:
Агар узви дастаи ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” шудану дар эҷоди хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои мусофирон саҳм гузоштан хоҳед, маълумотномаи (резюме) худро ба нишонии sh.nuriddinov@shohinair.tj фиристед.
Ҳамчунин хонед
Ҳама хабарҳо
24 Jul 2026
Имзои созишнома байни Shohin Airlines ва Airbus
21-уми июл дар Намоишгоҳи байналмилалии авиатсионӣ дар шаҳри Фарнборои Бритониёи Кабир Shohin Airlines ва Airbus оид ба харидории чор адад ҳавопаймои силсилаи A320neo созишнома ба имзо расониданд ва дар ин хусус мо қаблан интиллоъ дода будем. Созишнома таъмини ду ҳавопаймои Airbus A320neo ва ду ҳавопаймои Airbus A321neo-ро пешбинӣ менамояд. Ҳавопаймоҳои нав асоси маҷмаи муосир гардида […]
22 Jul 2026
Shohin Airlines фармоиши чор ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo-ро эълон мекунад
Фарнборо, Бритониёи Кабир, 21-уми июли соли 2026 – Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» аз фармоиши чор ҳавопаймои Airbus A320neo иттилоъ медиҳад. Ин аввалин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus барои ширкати ҳавопаймоии мазкур буда, ду ҳавопаймои A320neo ва ду A321neo-ро дар бар мегирад. Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз», ки моҳи июни соли 2025 ба қайд гирифта шудааст, тасмим дорад шабакаи […]
03 Jul 2026