Саҳифаи асосӣ Маркази матбуотӣ

Вазифа: Маркетолог

Вазифа: Маркетолог

03 Jul 2026

5 дақиқа хондан

Вазифа: Маркетолог

✈️ Shohin Airlines ба дастаи худ маркетологро даъват менамояд!

Мо мутахассиси ташаббускору кордонро меҷӯем, ки ба рушди бренди ширкати ҳавопаймоӣ, ҷалби муштариёни нав ва баланд бардоштани таваҷҷӯҳи мусофирон ба ширкат мусоидат намояд.

Вазифаҳо:

  • Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии ширкат.
  • Банақшагирӣ ва гузаронидани иқдомҳои таблиғотӣ (онлайн ва офлайн).
  • Пешбурд ва рушди шабакаҳои иҷтимоии ширкат.
  • Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи муштариен.
  • Омода кардани маводҳои маркетингӣ.
  • Ташкили иқдомҳо, лоиҳаҳои шарикӣ ва пешниҳодҳои махсус.
  • Таҳлили фаъолияти маркетингӣ ва таҳияи ҳисобот.
  • Ҳамкорӣ бо ширкатҳои хизматрасон ва агентиҳои таблиғотӣ.

Талабот:

  • Маълумоти олӣ дар бахши маркетинг, таблиғ ва самтҳои марбута.
  • Таҷрибаи корӣ ҳамчун маркетолог на камтар аз 3 сол.
  • Донистани воситаҳои маркетинги рақамӣ ва таҳлил.
  • Малакаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рекламавӣ.
  • Забондонӣ дар сатҳи аъло (хаттӣ ва шифоҳӣ).
  • Эҷодкорӣ, масъулият ва қобилияти кор дар гурӯҳ.
  • Донистани забони англисӣ бартарӣ хоҳад дошт.

Мо пешниҳод мекунем:

  • Кор дар ширкати ҳавопаймоии босуръат рушдкунанда.
  • Музди рақобатпазир.
  • Имкониятҳои рушди касбӣ ва омӯзиш.
  • Шароити хуби мехнат.
  • Иштирок дар лоиҳаҳои ҷолиби соҳаи авиатсия.

Агар Шумо омодаи рушд додани бренди Shohin Airlines-ро доред, маълумотномаи (резюме) худро фиристед – cd@shohinair.tj

Бо Shohin Airlines уфуқҳои нав кушоед!

Ҳамчунин хонед

Ҳама хабарҳо

26 Jun 2026

Шоҳин Эйрлайнз аввалин солгарди таъсисёбии худро қайд кард

Санаи 25 июни соли 2026 ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” нахустин солгарди таъсисёбии худро қайд кард. Дар ин давра ширкат марҳилаи ташаккулёбиро бомуваффақият паси сар кард, гурӯҳи касбиро ташкил намуда барои рушди минбаъда ва татбиқи нақшаҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ба муносибати яксолагии ширкат дар саридораи ширкати ҳавопаймоӣ чорабинии расмӣ гузаронида шуда, дар фазои тантанавӣ […]

Муфассалтар

05 Jun 2026

Вазифа: Таҳлилгари молиявӣ

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines таҳлилгари молиявиро ба кор даъват менамояд. Вазифаҳои асосӣ: – Таҳия ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва идоракунӣ. – Иштирок дар равандҳои буҷетсозӣ, банақшагирии молиявӣ ва пешбинӣ. – Таҳлили даромад, хароҷот ва даромаднокии парвозҳову хатсайрҳо. – Таҳияи модел ва пешбиниҳои молиявӣ. – Назорати иҷрои буҷет ва таҳлили фарқияти нишондиҳандаҳои воқеӣ аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ. […]

Муфассалтар

28 May 2026

Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барои ишғоли вазифаи муҳандис ва техники авиатсионии дараҷаи B1/B2 (СиД ва АиРЭО) оид ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои навъи A320, A321, A319, L410, ва чархболҳои Ми-8 озмун эълон менамояд

Мо ба дастаи департаменти техникӣ мутахассисони баландихтисосеро даъват менамоем, ки омодаанд сатҳи баланди бехатарии парвозҳо, эътимоднокии техникаи авиатсионӣ ва истифодаи самараноки ҳавопаймоҳоро таъмин намоянд. Уҳдадориҳо:  • Иҷрои хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо тибқи талаботи меъёрии амалкунанда  • Гузаронидани чорабиниҳои нақшавии техникӣ ва ташхиси нуқсонҳо  • Назорати ҳолати техникии техникаи авиатсионӣ  • Пешбурди ҳуҷҷатгузории техникӣ  • Ҳамкорӣ […]

Муфассалтар
Подписаться (tg)
Дар бораи мо?