Саҳифаи асосӣ Маркази матбуотӣ

Shohin Airlines ва Airbus ба марҳилаи ниҳоии гуфтушунид расиданд

Shohin Airlines ва Airbus ба марҳилаи ниҳоии гуфтушунид расиданд

17 Apr 2026

5 дақиқа хондан

Shohin Airlines ва Airbus ба марҳилаи ниҳоии гуфтушунид расиданд

10-уми апрели соли 2026 миёни Shohin Airlines ва Airbus вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масоили харидории 4 адад ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро байни ширкати ҳавопаймоӣ ва яке аз истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонии ҳавопаймоҳо баррасӣ карданд.

Вохӯрӣ идомаи муколамаи қаблан дар Тулуза дар аввали сол оғозшуда мебошад, ки дар натиҷаи мулоқоти марбут ба харидории 2 адад ҳавопаймои A320neo ва 2 адад ҳавопаймои A321neo Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои таҳкими шарикӣ ва муайян кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Shohin Airlines ва Airbus ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таҳким мебахшанд ва дар айни замон ҳамкории тарафҳо тамоюли рушди устуворро касб менамояд. Раванди музокирот оид ба харидории ҳавопаймоҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва тавре интизор меравад татбиқи созишномаҳои бадастомада иқдоми муҳим дар самти тавсеаи парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоӣ ва мустаҳкам кардани мавқеи он дар бозори интиқолоти ҳавоӣ хоҳад буд.

Shohin Airlines – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин хонед

Ҳама хабарҳо

24 Jul 2026

Имзои созишнома байни Shohin Airlines ва Airbus

21-уми июл дар Намоишгоҳи байналмилалии авиатсионӣ дар шаҳри Фарнборои Бритониёи Кабир Shohin Airlines ва Airbus оид ба харидории чор адад ҳавопаймои силсилаи A320neo созишнома ба имзо расониданд ва дар ин хусус мо қаблан интиллоъ дода будем. Созишнома таъмини ду ҳавопаймои Airbus A320neo ва ду ҳавопаймои Airbus A321neo-ро пешбинӣ менамояд. Ҳавопаймоҳои нав асоси маҷмаи муосир гардида […]

Муфассалтар

22 Jul 2026

Shohin Airlines фармоиши чор ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo-ро эълон мекунад

Фарнборо, Бритониёи Кабир, 21-уми июли соли 2026 – Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» аз фармоиши чор ҳавопаймои Airbus A320neo иттилоъ медиҳад. Ин аввалин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus барои ширкати ҳавопаймоии мазкур буда, ду ҳавопаймои A320neo ва ду A321neo-ро дар бар мегирад. Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз», ки моҳи июни соли 2025 ба қайд гирифта шудааст, тасмим дорад шабакаи […]

Муфассалтар

13 Jul 2026

Вазифа: Барномасоз-таҳиягари вебсайт ва барномаҳои мобилӣ (Android / iOS)

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барномасоз-таҳиягари сайт ва барномаҳои мобилиро (Android / iOS) ба кор даъват мекунад.  Мо мутахассисеро меҷӯем, ки барои таҳия, вусъат ва мушоиати сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS масъул хоҳад буд. Агар шумо омодаи эҷоди маҳсулоти рақамии муосир, татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ ва иштирок дар табдили […]

Муфассалтар
Подписаться (tg)
Дар бораи мо?