Ҳайати Shohin Airlines ба Истанбул сафари корӣ анҷом дод

Моҳи марти соли 2026 ҳайати ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” бо роҳбарии директори генералӣ Зафар Аҳмадзода ба Истанбул сафари корӣ анҷом дода, дар доираи он бо роҳбарият ва коршиносони корхонаҳои авиатсионии Туркия вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҷараёни сафар бо ширкатҳои Turkish Airlines, Turkish Technic, Turkish Aviation Academy, TCI Aircraft Interiors, Turkish Technology, инчунин бо IGA Istanbul Airport ва Aeroglobe Aviation Services музокирот сурат гирифтанд. Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо, омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони авиатсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ҳамзамон баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофиронро баррасӣ намуданд.

Сафари кории мазкур марҳилаи муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Shohin Airlines маҳсуб ёфта, барои табодули таҷрибаи амалӣ бо яке аз бозорҳои пешрави авиатсионии минтақа имконият фароҳам овард. Дар доираи барномаи сафар ҳайат аз Turkish Aviation Academy боздид ба амал оварда, бо инфрасохтори муосири таълимӣ, аз ҷумла маҷмааҳои тамринӣ ва барномаҳои омодасозии мутахассисони авиатсионӣ шинос гардиданд. Зимнан ба равишҳои омӯзиши ҳавонавардон, роҳбаладон ва мутахассисони техникӣ диққати хоса дода шуд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” ҳамчунин иқтидорҳои истеҳсолии Turkish Technic-ро мушоҳида намуда, бо равандҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо, инфрасохтори муҳандисиву таъмирӣ ошноӣ пайдо намуда, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи дастгирии техникиро муҳокима карданд. Аснои боздид аз TCI Aircraft Interiors тадбирҳои амалӣ дар дар соҳаи лоиҳакашӣ ва муҷаҳҳазсозии дохили ҳавопаймоҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва бароҳатии мусофирон равона шудаанд, баррасӣ гардиданд. Дар доираи мулоқот бо намояндагони IGA Istanbul Airport ҷонибҳо имкониятҳои рушди фаъолияти амалиётии Shohin Airlines-ро дар Истанбул баррасӣ намуда, манфиатдории тарафайнро дар рушди ҳамкориҳои тӯлонӣ тасдиқ карданд.
 
Таваҷҷуҳи хоса ҳамчунин ба ҳамкориҳо бо Aeroglobe Aviation Services дода шуд. Дар интиҳои музокирот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ва шартномаи ҳамкориро ба тасвиб расониданд, ки барои шарикии минбаъда дар қисми мушоиати амалиётӣ ва роҳандозии хатсайрҳои ширкат заминагузор хоҳанд буд. Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” муттасил стратегияи рушдро амалӣ менамояд, ки ба ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи соҳавӣ ва ташаккули намунаи устувори амалиётии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.
 
Шоҳин Эйрлайнз – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболро анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари техникаи авиатсионӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
 
 
 

Мо дар конфронси байналмилалии MRO/26 Central Asia ширкат варзидем

Ҳайати ширкати мо дар конфронси байналмилалии MRO/26 Central Asia, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ширкат варзид. Ҳамоиши мазкур ба масоили рушди хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо дар минтақа бахшида шуда, намояндагони сохторҳои авиатсионӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва таъминкунандагони байналмилалии хизматрасониҳои техникиро ба ҳам овард. Конфронс барои роҳандозии ҳамкориҳо ва шиносоиву омӯзиши технологияҳои муосир имконияти хуб фароҳам овард.

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” оид ба харидории ҳавопаймои L410 NG дар Чехия созишнома ба имзо расонид

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” дар Ҷумҳурии Чехия созишномаеро оид ба харидории ҳавопаймои нави минтақавии турбовинтӣ L410 NG ба тасвиб расонид. Имзои санади мазкур қадами муҳим дар раванди рушди ширкати ҳавопаймоӣ ва тавсеаи имкониятҳои он дар соҳаи интиқолоти ҳавоии минтақавӣ маҳсуб меёбад.
 
Ҳавопаймои L410 NG нав барои иҷрои парвозҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ихтисос дода шуда, тарҳи наве аз оилаи ҳавопаймоҳоӣ L410 мебошад, ки дар истифода аллакай худро хуб нишон додаанд. L410 NG бо самаранокии баланди сӯзишворӣ, дурпарвозӣ ва хусусиятҳои беҳтаршудаи истифодабарӣ тафовут дошта, барои интиқолоти минтақавӣ муносиб мебошад.

Ба қавли директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода харидории ҳавопаймои мазкур ба стратегияи рушди парки ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” мувофиқат мекунад, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, рушди алоқаи ҳавоии дохилӣ ва минтақавӣ равона шудааст.

Интизор меравад, бо истифодаи ҳавопаймои L410 NG ширкати ҳавопаймоӣ самаранокии интиқолоти ҳавоии дохилиҷумҳуриявӣ ва минтақавиро ба таври назаррас афзун менамояд.

Шоҳин Эйрлайнз – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод менамояд ва ҳамзамон бо истеҳсолкунандагони пешбари техникаи авиатсионӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Подписаться (tg)
Дар бораи мо?