Моҳи марти соли 2026 ҳайати ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” бо роҳбарии директори генералӣ Зафар Аҳмадзода ба Истанбул сафари корӣ анҷом дода, дар доираи он бо роҳбарият ва коршиносони корхонаҳои авиатсионии Туркия вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҷараёни сафар бо ширкатҳои Turkish Airlines, Turkish Technic, Turkish Aviation Academy, TCI Aircraft Interiors, Turkish Technology, инчунин бо IGA Istanbul Airport ва Aeroglobe Aviation Services музокирот сурат гирифтанд. Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо, омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони авиатсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ҳамзамон баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофиронро баррасӣ намуданд.
Сафари кории мазкур марҳилаи муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Shohin Airlines маҳсуб ёфта, барои табодули таҷрибаи амалӣ бо яке аз бозорҳои пешрави авиатсионии минтақа имконият фароҳам овард. Дар доираи барномаи сафар ҳайат аз Turkish Aviation Academy боздид ба амал оварда, бо инфрасохтори муосири таълимӣ, аз ҷумла маҷмааҳои тамринӣ ва барномаҳои омодасозии мутахассисони авиатсионӣ шинос гардиданд. Зимнан ба равишҳои омӯзиши ҳавонавардон, роҳбаладон ва мутахассисони техникӣ диққати хоса дода шуд.





Намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” ҳамчунин иқтидорҳои истеҳсолии Turkish Technic-ро мушоҳида намуда, бо равандҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо, инфрасохтори муҳандисиву таъмирӣ ошноӣ пайдо намуда, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи дастгирии техникиро муҳокима карданд. Аснои боздид аз TCI Aircraft Interiors тадбирҳои амалӣ дар дар соҳаи лоиҳакашӣ ва муҷаҳҳазсозии дохили ҳавопаймоҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва бароҳатии мусофирон равона шудаанд, баррасӣ гардиданд. Дар доираи мулоқот бо намояндагони IGA Istanbul Airport ҷонибҳо имкониятҳои рушди фаъолияти амалиётии Shohin Airlines-ро дар Истанбул баррасӣ намуда, манфиатдории тарафайнро дар рушди ҳамкориҳои тӯлонӣ тасдиқ карданд.
Таваҷҷуҳи хоса ҳамчунин ба ҳамкориҳо бо Aeroglobe Aviation Services дода шуд. Дар интиҳои музокирот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ва шартномаи ҳамкориро ба тасвиб расониданд, ки барои шарикии минбаъда дар қисми мушоиати амалиётӣ ва роҳандозии хатсайрҳои ширкат заминагузор хоҳанд буд. Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” муттасил стратегияи рушдро амалӣ менамояд, ки ба ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи соҳавӣ ва ташаккули намунаи устувори амалиётии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Шоҳин Эйрлайнз – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболро анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари техникаи авиатсионӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.










