Гузаштан ба мундариҷа
Асосӣ / Хабарҳо

Хабарҳо

Дар бораи парвозҳо, флот ва хатсайрҳои худ нақл мекунем.

Shohin Airlines хатсайрҳои нави дохилиро роҳандозӣ менамояд

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад. Хатсайрҳои нави ҳавоӣ пойтахти кишварро бо чаҳор шаҳри Тоҷикистон - Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб пайваст хоҳанд кард.

Ҳайати Shohin Airlines ба Истанбул сафари корӣ анҷом дод

Моҳи марти соли 2026 ҳайати ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines бо роҳбарии директори генералӣ Зафар Аҳмадзода ба Истанбул сафари корӣ анҷом дода, дар доираи он бо роҳбарият ва коршиносони корхонаҳои авиатсионии Туркия вохӯриҳо гузарониданд.

Shohin Airlines ва Airbus ба марҳилаи ниҳоии гуфтушунид расиданд

10-уми апрели соли 2026 миёни Shohin Airlines ва Airbus вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масоили харидории 4 адад ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро байни ширкати ҳавопаймоӣ ва яке аз истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонии ҳавопаймоҳо баррасӣ карданд.

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines оид ба харидории ҳавопаймои L-410 NG дар Чехия созишнома ба имзо расонид

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines дар Ҷумҳурии Чехия созишномаеро оид ба харидории ҳавопаймои нави минтақавии турбовинтӣ L-410 NG ба тасвиб расонид.

Бунёди сармоягузории аврупоӣ ба ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines сармоягузорӣ мекунад

Дар Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines санаи 10-уми марти соли 2026 марҳилаи ниҳоии музокирот миёни Директори генералии ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода ва муассиси Бунёди сармоягузории аврупоии "CFC s.r.o., osoba rizikoveho kapitalu" Гунтарс Селиковс баргузор гардид.