Таҳрири № 3, амал мекунад аз 4 ноября 2026 г.
Таҳрири озмоишӣ барои санҷиши сомона ва барнома. Матни ниҳоиро ҳуқуқшиноси ширкат тасдиқ мекунад.
Меъёри интиқоли ройгони бори дастӣ ва бағоҷ аз тариф вобаста аст ва дар шартҳои тариф ва квитансияи хатсайр нишон дода шудааст. Шумораи ҷойҳо ва вазн барои як мусофир ҳисоб карда мешаванд.
Вазн ва андозаи ниҳоии як ҷой дар шартҳои тариф нишон дода шудаанд. Бағоҷи аз меъёр зиёд, вазни иловагӣ ва ашёи калонҳаҷм ҳангоми бақайдгирӣ тибқи тарифҳои интиқолдиҳанда пардохт карда мешаванд, агар сарбории парвоз имкон диҳад.
Пул, ҷавоҳирот, ҳуҷҷатҳо, калидҳо, доруҳо, асбобҳои электронӣ ва ашёи шикастаниро дар бори дастӣ нигоҳ доред. Павербанкҳо ва батареяҳои эҳтиётиро ба бағоҷ супоридан мумкин нест.
Дар парвозҳои дохилӣ меъёри бағоҷ ва бори дастӣ бо килограмм дар тавсифи тариф ҳангоми фармоиш нишон дода шудааст.
Агар бағоҷ нарасида ё вайрон шуда бошад, то баромадан аз толори гирифтани бағоҷ ба хадамоти ҷустуҷӯи бағоҷи фурудгоҳ муроҷиат кунед ва санад тартиб диҳед. Шикояти хаттиро ба интиқолдиҳанда дар давоми 7 рӯз пас аз гирифтани бағоҷи вайроншуда ё дар давоми 21 рӯз пас аз рӯзе, ки бағоҷ бояд дода мешуд, пешниҳод кунед.
Ҷавобгарии интиқолдиҳанда барои гум шудан, вайрон шудан ва таъхири бағоҷ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки ба интиқол татбиқ мешаванд, муайян карда мешавад.
Интиқоли ҳайвонот, лавозимоти варзишӣ, асбобҳои мусиқӣ ва силоҳро пешакӣ тавассути маркази тамос +(992) 411 000 001 мувофиқа кунед.
