Гузаштан ба мундариҷа

Shohin Airlines ва Turkish Airlines Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Shohin Airlines ва Turkish Airlines Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки ба таҳкими ҳамкорӣ ва дастгирии рушди фаъолияти амалиётии Shohin Airlines равона гардидааст.

Дар доираи ҳамкории дуҷониба гузаронидани омӯзишҳои тахассусӣ барои ҳайати парвозӣ ва кормандони хадамоти заминии ширкати ҳавопаймоӣ дар Академияи парвозии Turkish Airlines пешбинӣ шудааст. Дар заминаи ин санад ширкати Turkish Technic дар самти пешниҳоди хизматрасонии техникии маҷмӯӣ шарики Shohin Airlines муайян гардид. Ҳамкории мазкур, аз ҷумла хизматрасонии рангубори ҳавопаймоҳои нав ва анҷоми хизматрасонии техникии нақшавии онҳоро дар бар мегирад.

Роҳандозии ҳамкорӣ қадами муҳим дар рушди касбии ҳайати кормандони Shohin Airlines буда, барои табодули донишу таҷриба ва захираҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Шарикии мазкур аз саҳми Turkish Airlines дар рушди соҳаи авиатсия ва ҳамзамон талошҳои тарафайн дар самти таъмини бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии аълосифат шаҳодат медиҳад.

Ҳамаи ахбор

Хабарҳои дигар

Shohin Airlines хатсайрҳои нави дохилиро роҳандозӣ менамояд

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад. Хатсайрҳои нави ҳавоӣ пойтахти кишварро бо чаҳор шаҳри Тоҷикистон - Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб пайваст хоҳанд кард.