Душанбе, Тоҷикистон, 2 октябри соли 2026 - Санаи 2-юми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар муаррифии ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин аввалин ҳавопаймои ширкат - ҳавопаймои муосири минтақавии L-410 NG, ки Бадахшон номгузорӣ шудааст, муаррифӣ карда шуд. Қабули ҳавопаймои L-410 NG марҳилаи муҳим дар рушди минбаъдии ширкати ҳавопаймоӣ буда, мусофиркашонии мунтазамро тариқи ҳавопаймоҳо оғоз мебахшад. То кунун парки ҳавопаймоии ширкат аз чархболҳо иборат буд ва L-410 NG аввалин ҳавопаймои он гардид. Ба ифтихори яке аз минтақаҳои нодири Тоҷикистон - Бадахшон номгузорӣ шудани ҳавопаймо саъйю талошҳои Shohin Airlines-ро баҳри пайвастагии нақлиётии минтақаҳои кишвар ва таҳкими минбаъдаи алоқаи ҳавоии дохилӣ инъикос менамояд.
L-410 NG барои интиқолоти минтақавӣ ва истифода дар шароити гуногун, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ мувофиқ мебошад. Он 19 ҷойи мусофирнишон дошта бо хусусиятҳои беҳтаршудаи истифодабарӣ, самаранокии баланди сӯзишворӣ ва дурпарвозиаш фарқ мекунад. L-410 NG тарҳи муосир ва такмилёфтаи ҳавопаймои маъруфи минтақавии L-410 мебошад, ки аз ҷониби ширкати чехии “LET Aircraft Industries” тарҳрезӣ шудааст.
Ба қавли Директори генералии ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода қабули L-410 NG қадами муҳим дар татбиқи стратегияи рушди ширкат ва ташаккули парки ҳавопаймоии он мебошад. “Мо мехоҳем имкониятҳои ин ҳавопайморо барои рушди интиқолоти минтақавӣ, афзоиши гардишгарӣ ва пайвастагии нақлиётии кишвар истифода барем», - иброз дошт Зафар Аҳмадзода. Shohin Airlines рушди интиқолоти ҳавоии минтақавиро яке аз самтҳои ояндадори фаъолияти худ медонад ва ворид шудани L-410 NG барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва тавсеаи минбаъдаи ҷуғрофияи парвозҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines - ширкати ҳавопаймоии хусусӣ буда, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, инчунин рушди интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Ширкат бо истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҳавопаймоҳои ҷаҳон музокирот анҷом дода, дурнамои рушди мусофиркашонӣ ва интиқоли бор, инчунин авиатсияи тиҷоратиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.



