Душанбе, Тоҷикистон. 24-уми сентябри соли 2026 парки ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines бо ҳавопаймои нави L-410 NG, ки барои иҷрои парвозҳои минтақавӣ пешбинӣ шудааст, ғанӣ гардид.
Бо қабули ҳавопаймои L-410 NG марҳилаи нави рушди ширкат ва тавсеаи парки ҳавопаймоии он оғоз меёбад. То имрӯз парки ҳавопаймоии Shohin Airlines аз чархболҳо иборат буд ва ворид гардидани L-410 NG иқдоми нахустини ширкат дар самти рушди интиқолот тариқи ҳавопаймоҳо мегардад.
Ҳавопаймои L-410 NG махсус барои истифода дар хатсайрҳои минтақавӣ истеҳсол гардида, қобилияти иҷрои парвозҳоро дар шароити гуногуни истифодабарӣ, аз ҷумла шароити кӯҳистонро дорад. Ҳавопаймо барои рушди минбаъдаи алоқаи ҳавоии минтақавӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нави ширкат дар самти мусофиркашонӣ имкон фароҳам меорад.
L-410 NG тарҳи муосир ва беҳтаршудаи ҳавопаймои минтақавии L-410 мебошад, ки аз ҷониби ширкати чехии «LET Aircraft Industries» тарҳрезӣ шудааст. Ҳавопаймо, ки 19 ҷойи нишаст дорад, дорои нишондиҳандаҳои беҳтаршудаи истифодабарӣ, самаранокии баланди истифодаи сӯзишворӣ ва дурпарвозӣ буда, барои анҷом додани интиқолоти минтақавӣ мувофиқ мебошад.
Ба қавли Директори генералии ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода қабули L-410 NG қадами муҳим дар татбиқи стратегияи рушди ширкат ва ташаккули парки ҳавопаймоии он мебошад.
«Харидории ҳавопаймои L-410 NG барои Shohin Airlines самти нави рушдро боз менамояд ва мо ин ҳавопайморо ҳамчун заминаи мусоид барои афзоиши минбаъдаи имкониятҳои ширкат дар соҳаи ҳамлу нақли минтақавии мусофирон ва рушди равобити ҳавоии дохилӣ арзёбӣ менамоем», - қайд менамояд Зафар Аҳмадзода.
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines - ширкати ҳавопаймоии хусусӣ буда, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании миллӣ, инчунин рушди интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Ширкат бо истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҳавопаймоҳои ҷаҳон музокирот анҷом дода, дурнамои рушди ҳамлу нақли тиҷоратии мусофирон ва бор, инчунин авиатсияи тиҷоратиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.



