Гузаштан ба мундариҷа

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines оид ба харидории ҳавопаймои L-410 NG дар Чехия созишнома ба имзо расонид

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines дар Ҷумҳурии Чехия созишномаеро оид ба харидории ҳавопаймои нави минтақавии турбовинтӣ L-410 NG ба тасвиб расонид. Имзои санади мазкур қадами муҳим дар раванди рушди ширкати ҳавопаймоӣ ва тавсеаи имкониятҳои он дар соҳаи интиқолоти ҳавоии минтақавӣ маҳсуб меёбад.

Ҳавопаймои L-410 NG нав барои иҷрои парвозҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ихтисос дода шуда, тарҳи наве аз оилаи ҳавопаймоҳоӣ L-410 мебошад, ки дар истифода аллакай худро хуб нишон додаанд. L-410 NG бо самаранокии баланди сӯзишворӣ, дурпарвозӣ ва хусусиятҳои беҳтаршудаи истифодабарӣ тафовут дошта, барои интиқолоти минтақавӣ муносиб мебошад.

Ба қавли директори генералии ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода харидории ҳавопаймои мазкур ба стратегияи рушди парки ҳавопаймоии Shohin Airlines мувофиқат мекунад, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, рушди алоқаи ҳавоии дохилӣ ва минтақавӣ равона шудааст.

Интизор меравад, бо истифодаи ҳавопаймои L-410 NG ширкати ҳавопаймоӣ самаранокии интиқолоти ҳавоии дохилиҷумҳуриявӣ ва минтақавиро ба таври назаррас афзун менамояд.

Shohin Airlines - ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод менамояд ва ҳамзамон бо истеҳсолкунандагони пешбари техникаи авиатсионӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Ҳамаи ахбор

Хабарҳои дигар

Shohin Airlines хатсайрҳои нави дохилиро роҳандозӣ менамояд

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад. Хатсайрҳои нави ҳавоӣ пойтахти кишварро бо чаҳор шаҳри Тоҷикистон - Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб пайваст хоҳанд кард.