Гузаштан ба мундариҷа

Shohin Airlines иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанбе оғоз намуд

Душанбе, 23 ноябри соли 2026. Имрӯз ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аввалин парвози мунтазами мусофиркашониро дар хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанбе иҷро намуд. Парвоз аз Душанбе соати 09:05 ба вақти маҳаллӣ ва дар самти бозгашт аз шаҳри Хоруғ соати 11:20 сурат гирифта, ҳавопаймо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 12:25 дақиқа фуруд омад.

Парвозҳо дар ин самт тавассути ҳавопаймои L-410 NG, ки Бадахшон номгузорӣ шудаасту 19 ҷойи мусофирнишин дорад, амалӣ мегарданд. Ҳавопаймо маҳсули ширкати чехии Let Aircraft Industries буда, санаи 2-юми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар муаррифӣ шудааст. Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе - Хоруғ 55 дақиқаро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, парвозҳо дар сурати мусоид будани вазъи боду ҳаво амалӣ мегарданд.

Роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Душанбеву Хоруғ ба беҳтар гардидани дастрасии нақлиётии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рафту омади шаҳрвандону сайёҳон мусоидат хоҳад кард.

«Мо иҷрои парвозҳои мунтазамро бо хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанбе қадами муҳим дар рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ арзёбӣ менамоем ва дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ин иқдом басо рамзӣ мебошад. Тақвияти робитаҳои нақлиётӣ байни минтақаҳо, фароҳамоварии имкониятҳои нави гардишгарӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ барои рушди пайвастаи ҷумҳуриамон аҳамияти хоса дорад. Бароямон бағоят муҳим аст, ки нақлиёти ҳавоӣ дар устуворнамоии робитаҳои иҷтимоиву тиҷоратӣ мусоидат намуда, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҷоди имкониятҳои нав барои сокинону меҳмонони кишвар нақши муассир дошта бошад», - иброз дошт Директори генералии ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода.

Маълумоти марбут ба ҷадвали парвозҳо ва арзиши чиптаҳоро аз корбарони маркази маълумотдиҳии Shohin Airlines бо рақами 44 640 77 77 пайдо кардан мумкин аст.

Ҳамаи ахбор

Хабарҳои дигар

Shohin Airlines хатсайрҳои нави дохилиро роҳандозӣ менамояд

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад. Хатсайрҳои нави ҳавоӣ пойтахти кишварро бо чаҳор шаҳри Тоҷикистон - Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб пайваст хоҳанд кард.