Гузаштан ба мундариҷа

Бунёди сармоягузории аврупоӣ ба ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines сармоягузорӣ мекунад

Дар Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines санаи 10-уми марти соли 2026 марҳилаи ниҳоии музокирот миёни Директори генералии ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода ва муассиси Бунёди сармоягузории аврупоии "CFC s.r.o., osoba rizikoveho kapitalu" Гунтарс Селиковс баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои шарикии стратегӣ ва сармоягузории дарозмуддат дар рушди авиатсияи граждании Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Зимнан қайд гардид, ки дар пайи боло бурдани мақоми қарзии Тоҷикистон аз ҷониби агентиҳои байналмилалии Moody's ва S&P Global Ratings, шарикони аврупоӣ ба устувории иқтисоди миллӣ изҳори боварӣ намуда, омодаанд ҳузури сармоягузории худро дар кишвар густариш диҳанд.

Дар пайи музокирот созишномаи сармоягузорӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрланз” ба муҳлати 5 сол ба имзо расид. Ҳаҷми умумии маблағгузории пешбинишуда беш аз 200 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағҳо барои тавсеаи парки ширкати ҳавопаймоӣ, рушди фаъолияти амалиётӣ ва таҳкими инфрасохтори он равона хоҳанд шуд.

"Имзои созишномаи сармоягузорӣ бо Бунёди сармоягузории аврупоӣ марҳалаи муҳим дар рушди ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines мебошад. Ҷалби сармояи дарозмуддат ба суратбахшии тавсеаи парки ҳавопаймоӣ ва шабакаи парвозҳо, ҳамчунин саҳмгузорӣ дар рушди устувори авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд", - қайд намуд Директори генералии ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода.

"Музокирот бо ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines беш аз шаш моҳ ҷараён дошт ва дар ин муддат дар Дубай (АМА) ва дигар шаҳрҳои Аврупо якчанд вохӯриҳои корӣ баргузор шуданд, ки бароямон имкони омӯзиши муфассали бизнес - модели ширкат, арзёбии сатҳи касбии ҳайати идоракунанда ва доираи имкониятҳои бозорро фароҳам овард. Лоиҳаи тавсеаи парки ҳавопаймоӣ аз ҷониби мо ҳамчун лоиҳаи афзалиятноки стратегӣ баррасӣ мешавад. Мо ба рушди иқтисоди Тоҷикистон диққати ҷиддӣ медиҳем ва маълумоти Агентиҳои Moody's ва S&P Global Ratings тамоюли рушди устувори кишварро тасдиқ менамоянд. Мо ба татбиқи муваффақонаи ин лоиҳа итминон дорем", - таъкид дошт муассиси бунёди аврупоӣ Гунтарс Селиковс.

Shohin Airlines - ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоӣ дар Осиеи Марказӣ ва самтҳои дигари байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод менамояд ва дар ояндаи наздик ғанисозии парки ҳавопаймоии худро бо ҳавопаймои L-410 NG (ҳавопаймои мусофирбарии минтақавӣ, ки аз ҷониби ширкати чехии Aircraft Industries, a.s. истеҳсол карда мешавад) дар нақша дорад, ки имкониятҳои мусофиркашонии минтақавиро боз ҳам васеъ менамояд. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Бунёди "CFC s.r.o., osoba rizikoveho kapitalu" дар Чехия ба қайд гирифта шуда, бунёди сармоягузории аврупоӣ мебошад, ки дар буриши бозорҳои сармояи Аврупо, кишварҳои Халиҷи Форс ва имкониятҳои сармоягузории Осиёи Марказӣ ва ИДМ фаъолият мекунад. Стратегияи сармоягузории бунёд ба дастгирии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва технологӣ дар иқтисодиёти рушдёбанда нигаронида шудааст. Авиатсия ва инфрасохтори авиатсионӣ, ҳамлу нақл ва низомҳои нақлиетӣ, энергетикаи барқароршаванда ва зеҳни сунъӣ аз самтҳои афзалиятноки сармоягузории бунёди мазкур мебошанд. Иқтидори сармоягузории бунёд тақрибан 500 миллион евроро ташкил дода, саридораи бунёди мазкур дар шаҳри Прагаи Чехия ҷойгир мебошад.

Ҳамаи ахбор

Хабарҳои дигар

Shohin Airlines хатсайрҳои нави дохилиро роҳандозӣ менамояд

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад. Хатсайрҳои нави ҳавоӣ пойтахти кишварро бо чаҳор шаҳри Тоҷикистон - Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб пайваст хоҳанд кард.