Таҳрири № 1, амал мекунад аз 5 октября 2026 г.
Таҳрири озмоишӣ барои санҷиши сомона ва барнома. Матни ниҳоиро ҳуқуқшиноси ширкат тасдиқ мекунад.
Сомонаи shohinair.com якчанд файли cookie-и худро истифода мебарад. Дар сомона ҳисобкунакҳои рекламавӣ ва бегонаи ташрифҳо нестанд.
Файли locale забони интихобшудаи сомонаро як сол нигоҳ медорад. Файли sh_session пас аз воридшавӣ бо SMS пайдо мешавад, сессияро 30 рӯз нигоҳ медорад ва барои скриптҳои саҳифа дастнорас аст. Файли sh_bar як сол дар хотир дорад, ки Шумо эълонро дар сатри болоӣ пӯшидаед. Файли sh_support барои чати дастгирӣ лозим аст, то мукотибаи Шуморо нишон диҳад, ва як сол нигоҳ дошта мешавад.
Системаи фармоиш дар booking.shohinair.com файлҳои cookie-и худро мегузорад, масалан барои дар хотир доштани забони саҳифа. Таркиби онҳоро таъминкунандаи система муайян мекунад.
Дар барнома танзимот ва рақами насб дар хотираи телефон нигоҳ дошта мешаванд. Равзанаи системаи фармоиш дар дохили барнома метавонад мисли сомона файлҳои cookie-и худро гузорад.
Файлҳои cookie-ро дар танзимоти браузер нест ё манъ кардан мумкин аст. Бе sh_session воридшавӣ кор намекунад, бе sh_support чат паёмҳои пешинаро нишон намедиҳад.
