Саҳифаи асосӣ Маркази матбуотӣ

Shohin Airlines фармоиши чор ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo-ро эълон мекунад

Shohin Airlines фармоиши чор ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo-ро эълон мекунад

22 Jul 2026

5 дақиқа хондан

Shohin Airlines фармоиши чор ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo-ро эълон мекунад

Фарнборо, Бритониёи Кабир, 21-уми июли соли 2026 – Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» аз фармоиши чор ҳавопаймои Airbus A320neo иттилоъ медиҳад. Ин аввалин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus барои ширкати ҳавопаймоии мазкур буда, ду ҳавопаймои A320neo ва ду A321neo-ро дар бар мегирад.

Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз», ки моҳи июни соли 2025 ба қайд гирифта шудааст, тасмим дорад шабакаи васеи хатсайрҳо ва бренди устуворро ташаккул дода, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоён намояндагӣ намояд.

Ҳавопаймоҳои A320neo 176 ҷойи мусофирнишин ва A321neo 196 ҷойи нишасти дараҷаҳои бизнес ва экономро дошта, ба ширкати ҳавопаймоӣ имкони роҳандозии парвозҳои минтақавӣ ва байналмилалиро фароҳам меоранд.

Ба қавли директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода – «Тасвиби шартномаи нахустин бо Airbus на танҳо барои Shohin Airlines, балки барои авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ва иқдоми рамзӣ аст. Ҳавопаймоҳои силсилаи A320neo асоси маҷмааи муосиру самаранок ва экологии ширкати ҳавопаймоии мо хоҳанд буд. Мекӯшем барои мусофиронамон сатҳи баланди бехатарӣ, бароҳатӣ ва сифати хизматрасониҳоро таъмин намуда, ҳамзамон алоқаи ҳавоии Тоҷикистонро вусъат диҳем. Итминон дорем, ки шарикӣ бо Airbus барои рушди густурдаи Shohin Airlines ва татбиқи стратегияи мо оид ба таъсиси ширкати ҳавопаймоии сатҳи ҷаҳонӣ заминаи устувор мегузорад».

«Истиқболи фармоишгари нави оилаи Airbus бароямон хушоянд аст ва ифтихор аз он дорем, ки Shohin Airlines бо оғози фаъолияти худ маҳз Airbus-ро интихоб кард, – қайд намуд ноиби президенти иҷроияи Airbus оид ба фурӯши ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ Бенуа де Сен-Экзюперӣ. – Аз дастгирии талошҳои Shohin Airlines барои таҳкими равобити Тоҷикистон бо ҷаҳон ниҳоят хушҳол ҳастем. Созишномаи батасвибрасида оғозбахши ҳамкориҳои эътимодноку мустаҳкам буда, ба ширкати ҳавопаймоӣ имкон медиҳад, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият стандартҳои нави минтақавиро дар самти мукаммалсозии маҷмааи ҳавопаймоӣ, самаранокии амалиётӣ ва сифати хизматрасониҳо муқаррар намояд».

Ҳавопаймоҳои A320 маъмултарин силсилаи ҳавопаймоҳои камбар буда, аз саросари ҷаҳон беш аз 20 000 маротиб фаромоиш шудаанд. Ба ин силсила навъи калонтарини A321neo шомил аст, ки бо хусусиятҳои барҷастаи дурпарвозӣ ва самаранокии истифодабарӣ фарқ мекунад. Дар муқоиса бо насли қаблии ҳавопаймоҳои камбар силсилаи A320neo беш аз 20% сарфаи сӯзишворӣ ва коҳиши партовҳои диоксиди карбон (CO₂)-ро таъмин намуда, бинобар паҳноии толори мусофиринишӣ бароҳатии бештарро фароҳам меорад.

Ҳамчунин хонед

Ҳама хабарҳо

24 Jul 2026

Имзои созишнома байни Shohin Airlines ва Airbus

21-уми июл дар Намоишгоҳи байналмилалии авиатсионӣ дар шаҳри Фарнборои Бритониёи Кабир Shohin Airlines ва Airbus оид ба харидории чор адад ҳавопаймои силсилаи A320neo созишнома ба имзо расониданд ва дар ин хусус мо қаблан интиллоъ дода будем. Созишнома таъмини ду ҳавопаймои Airbus A320neo ва ду ҳавопаймои Airbus A321neo-ро пешбинӣ менамояд. Ҳавопаймоҳои нав асоси маҷмаи муосир гардида […]

Муфассалтар

13 Jul 2026

Вазифа: Барномасоз-таҳиягари вебсайт ва барномаҳои мобилӣ (Android / iOS)

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барномасоз-таҳиягари сайт ва барномаҳои мобилиро (Android / iOS) ба кор даъват мекунад.  Мо мутахассисеро меҷӯем, ки барои таҳия, вусъат ва мушоиати сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS масъул хоҳад буд. Агар шумо омодаи эҷоди маҳсулоти рақамии муосир, татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ ва иштирок дар табдили […]

Муфассалтар

03 Jul 2026

Вазифа: Маркетолог

Муфассалтар
Подписаться (tg)
Дар бораи мо?