Шоҳин Эйрлайнз аввалин солгарди таъсисёбии худро қайд кард
26 Jun 2026
•
5 дақиқа хондан
Санаи 25 июни соли 2026 ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” нахустин солгарди таъсисёбии худро қайд кард. Дар ин давра ширкат марҳилаи ташаккулёбиро бомуваффақият паси сар кард, гурӯҳи касбиро ташкил намуда барои рушди минбаъда ва татбиқи нақшаҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ба муносибати яксолагии ширкат дар саридораи ширкати ҳавопаймоӣ чорабинии расмӣ гузаронида шуда, дар фазои тантанавӣ роҳбарияти ширкат бо натиҷагирӣ аз соли аввали фаъолият ба ҳайати кормандон барои меҳнати софдилона, касбияти баланд ва саҳмгузорӣ дар рушди ширкати ҳавопаймоӣ изҳори сипос намуданд.
Зимнан кормандоне, ки дар ташаккул ва рушди ширкат саҳми назаррас гузоштаанд, барои фаъолияти самаранок ва масъулитшиносӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар муроҷиати худ ба коллективи корхона роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” таъкид доштанд, ки дастовардҳои соли аввал ба шарофати кори дастаҷамъона, касбияти кормандон, кӯшиши ҷорӣ намудани стандартҳои баланди сифат, бехатарӣ ва самаранокӣ имконпазир шуданд. Ба қавли Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода: “Соли аввали фаъолият оғози роҳи бузург аст ва ширкатро рушду дастовардҳои нав дар пешанд”.
Shohin Airlines – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Ҳамчунин хонед
Ҳама хабарҳо
24 Jul 2026
Имзои созишнома байни Shohin Airlines ва Airbus
21-уми июл дар Намоишгоҳи байналмилалии авиатсионӣ дар шаҳри Фарнборои Бритониёи Кабир Shohin Airlines ва Airbus оид ба харидории чор адад ҳавопаймои силсилаи A320neo созишнома ба имзо расониданд ва дар ин хусус мо қаблан интиллоъ дода будем. Созишнома таъмини ду ҳавопаймои Airbus A320neo ва ду ҳавопаймои Airbus A321neo-ро пешбинӣ менамояд. Ҳавопаймоҳои нав асоси маҷмаи муосир гардида […]
22 Jul 2026
Shohin Airlines фармоиши чор ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo-ро эълон мекунад
Фарнборо, Бритониёи Кабир, 21-уми июли соли 2026 – Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» аз фармоиши чор ҳавопаймои Airbus A320neo иттилоъ медиҳад. Ин аввалин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus барои ширкати ҳавопаймоии мазкур буда, ду ҳавопаймои A320neo ва ду A321neo-ро дар бар мегирад. Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз», ки моҳи июни соли 2025 ба қайд гирифта шудааст, тасмим дорад шабакаи […]
13 Jul 2026
Вазифа: Барномасоз-таҳиягари вебсайт ва барномаҳои мобилӣ (Android / iOS)
ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барномасоз-таҳиягари сайт ва барномаҳои мобилиро (Android / iOS) ба кор даъват мекунад. Мо мутахассисеро меҷӯем, ки барои таҳия, вусъат ва мушоиати сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин барномаҳои мобилӣ барои платформаҳои Android ва iOS масъул хоҳад буд. Агар шумо омодаи эҷоди маҳсулоти рақамии муосир, татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ ва иштирок дар табдили […]