Саҳифаи асосӣ Маркази матбуотӣ

Shohin Airlines ва Airbus ба марҳилаи ниҳоии гуфтушунид расиданд

Shohin Airlines ва Airbus ба марҳилаи ниҳоии гуфтушунид расиданд

17 Apr 2026

5 дақиқа хондан

Shohin Airlines ва Airbus ба марҳилаи ниҳоии гуфтушунид расиданд

10-уми апрели соли 2026 миёни Shohin Airlines ва Airbus вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масоили харидории 4 адад ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро байни ширкати ҳавопаймоӣ ва яке аз истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонии ҳавопаймоҳо баррасӣ карданд.

Вохӯрӣ идомаи муколамаи қаблан дар Тулуза дар аввали сол оғозшуда мебошад, ки дар натиҷаи мулоқоти марбут ба харидории 2 адад ҳавопаймои A320neo ва 2 адад ҳавопаймои A321neo Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои таҳкими шарикӣ ва муайян кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Shohin Airlines ва Airbus ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таҳким мебахшанд ва дар айни замон ҳамкории тарафҳо тамоюли рушди устуворро касб менамояд. Раванди музокирот оид ба харидории ҳавопаймоҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва тавре интизор меравад татбиқи созишномаҳои бадастомада иқдоми муҳим дар самти тавсеаи парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоӣ ва мустаҳкам кардани мавқеи он дар бозори интиқолоти ҳавоӣ хоҳад буд.

Shohin Airlines – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин хонед

Ҳама хабарҳо

03 Jul 2026

Вазифа: Маркетолог

Муфассалтар

26 Jun 2026

Шоҳин Эйрлайнз аввалин солгарди таъсисёбии худро қайд кард

Санаи 25 июни соли 2026 ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” нахустин солгарди таъсисёбии худро қайд кард. Дар ин давра ширкат марҳилаи ташаккулёбиро бомуваффақият паси сар кард, гурӯҳи касбиро ташкил намуда барои рушди минбаъда ва татбиқи нақшаҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ба муносибати яксолагии ширкат дар саридораи ширкати ҳавопаймоӣ чорабинии расмӣ гузаронида шуда, дар фазои тантанавӣ […]

Муфассалтар

05 Jun 2026

Вазифа: Таҳлилгари молиявӣ

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines таҳлилгари молиявиро ба кор даъват менамояд. Вазифаҳои асосӣ: – Таҳия ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва идоракунӣ. – Иштирок дар равандҳои буҷетсозӣ, банақшагирии молиявӣ ва пешбинӣ. – Таҳлили даромад, хароҷот ва даромаднокии парвозҳову хатсайрҳо. – Таҳияи модел ва пешбиниҳои молиявӣ. – Назорати иҷрои буҷет ва таҳлили фарқияти нишондиҳандаҳои воқеӣ аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ. […]

Муфассалтар
Подписаться (tg)
Дар бораи мо?