Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барои ишғоли вазифаи муҳандис ва техники авиатсионии дараҷаи B1/B2 (СиД ва АиРЭО)
13 Mar 2026
•
5 дақиқа хондан
Оид ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои навъи A320, A321, A319, L410, ва чархболҳои Ми-8 озмун эълон менамояд
Мо ба дастаи департаменти техникӣ мутахассисони баландихтисосеро даъват менамоем, ки омодаанд сатҳи баланди бехатарии парвозҳо, эътимоднокии техникаи авиатсионӣ ва истифодаи самараноки ҳавопаймоҳоро таъмин намоянд.
Уҳдадориҳо:
- Иҷрои хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо тибқи талаботи меъёрии амалкунанда
- Гузаронидани чорабиниҳои нақшавии техникӣ ва ташхиси нуқсонҳо
- Назорати ҳолати техникии техникаи авиатсионӣ
- Пешбурди ҳуҷҷатгузории техникӣ
- Ҳамкорӣ бо воҳидҳои ширкат барои таъмини истифодаи муттасили техникаи ҳавопаймоӣ
Талабот:
- Маълумоти касбии техникӣ (авиатсионӣ, муҳандисӣ)
- Таҷрибаи кор дар соҳаи хизматрасонии техникии техникаи авиатсионӣ; мавҷудияти иҷозатномаи амалкунанда афзалият дорад
- Донистани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳои авиатсияи гражданӣ
- Донистани забони англисӣ дар сатҳи зарурӣ барои кор бо ҳуҷҷатҳои техникӣ
- Масъулиятнокӣ, дақиқкорӣ, қобилияти иҷрои корҳои гурӯҳӣ
- Омодагӣ ба кори баставӣ
Пешниҳоди мо:
- Кор дар ширкати ҳавопаймоии устувору рушдкунанда
- Музди меҳнати рақобатпазир
- Имкониятҳои рушди касбӣ
- Омӯзиш ва такмили ихтисос
Агар хоҳиши дар соҳаи авиатсия рушд кардан ва бо техникаи муосири авиатсионӣ кор карданро дошта бошед ва мехоҳед дар таъмини бехатарии парвозҳоро саҳмгузор бошед, мо интизори Шумоем.
Барои иштирок дар озмун маълумотномаи шахсӣ (резюме), нусхаҳои шиноснома, диплом, шаҳодатномаи муҳандис/авиатехник (агар мавҷуд бошад) ва сертификатҳоро ба почтаи электронии: td@shohinair.tj ирсол намоед.
Ҳуҷҷатҳо то 20-уми апрели соли 2026 қабул карда мешаванд.
Ҳамчунин хонед
Ҳама хабарҳоҲанӯз хабаре нест