Ҳайати Shohin Airlines ба Истанбул сафари корӣ анҷом дод
15 Apr 2026
•
5 дақиқа хондан
Моҳи марти соли 2026 ҳайати ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” бо роҳбарии директори генералӣ Зафар Аҳмадзода ба Истанбул сафари корӣ анҷом дода, дар доираи он бо роҳбарият ва коршиносони корхонаҳои авиатсионии Туркия вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҷараёни сафар бо ширкатҳои Turkish Airlines, Turkish Technic, Turkish Aviation Academy, TCI Aircraft Interiors, Turkish Technology, инчунин бо IGA Istanbul Airport ва Aeroglobe Aviation Services музокирот сурат гирифтанд. Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо, омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони авиатсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ҳамзамон баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофиронро баррасӣ намуданд.
Сафари кории мазкур марҳилаи муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Shohin Airlines маҳсуб ёфта, барои табодули таҷрибаи амалӣ бо яке аз бозорҳои пешрави авиатсионии минтақа имконият фароҳам овард. Дар доираи барномаи сафар ҳайат аз Turkish Aviation Academy боздид ба амал оварда, бо инфрасохтори муосири таълимӣ, аз ҷумла маҷмааҳои тамринӣ ва барномаҳои омодасозии мутахассисони авиатсионӣ шинос гардиданд. Зимнан ба равишҳои омӯзиши ҳавонавардон, роҳбаладон ва мутахассисони техникӣ диққати хоса дода шуд.





Намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” ҳамчунин иқтидорҳои истеҳсолии Turkish Technic-ро мушоҳида намуда, бо равандҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо, инфрасохтори муҳандисиву таъмирӣ ошноӣ пайдо намуда, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи дастгирии техникиро муҳокима карданд. Аснои боздид аз TCI Aircraft Interiors тадбирҳои амалӣ дар дар соҳаи лоиҳакашӣ ва муҷаҳҳазсозии дохили ҳавопаймоҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва бароҳатии мусофирон равона шудаанд, баррасӣ гардиданд. Дар доираи мулоқот бо намояндагони IGA Istanbul Airport ҷонибҳо имкониятҳои рушди фаъолияти амалиётии Shohin Airlines-ро дар Истанбул баррасӣ намуда, манфиатдории тарафайнро дар рушди ҳамкориҳои тӯлонӣ тасдиқ карданд.
Таваҷҷуҳи хоса ҳамчунин ба ҳамкориҳо бо Aeroglobe Aviation Services дода шуд. Дар интиҳои музокирот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ва шартномаи ҳамкориро ба тасвиб расониданд, ки барои шарикии минбаъда дар қисми мушоиати амалиётӣ ва роҳандозии хатсайрҳои ширкат заминагузор хоҳанд буд. Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” муттасил стратегияи рушдро амалӣ менамояд, ки ба ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи соҳавӣ ва ташаккули намунаи устувори амалиётии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Шоҳин Эйрлайнз – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболро анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари техникаи авиатсионӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.




Ҳамчунин хонед
Ҳама хабарҳо
28 May 2026
Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” барои ишғоли вазифаи муҳандис ва техники авиатсионии дараҷаи B1/B2 (СиД ва АиРЭО) оид ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои навъи A320, A321, A319, L410, ва чархболҳои Ми-8 озмун эълон менамояд
Мо ба дастаи департаменти техникӣ мутахассисони баландихтисосеро даъват менамоем, ки омодаанд сатҳи баланди бехатарии парвозҳо, эътимоднокии техникаи авиатсионӣ ва истифодаи самараноки ҳавопаймоҳоро таъмин намоянд. Уҳдадориҳо: • Иҷрои хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо тибқи талаботи меъёрии амалкунанда • Гузаронидани чорабиниҳои нақшавии техникӣ ва ташхиси нуқсонҳо • Назорати ҳолати техникии техникаи авиатсионӣ • Пешбурди ҳуҷҷатгузории техникӣ • Ҳамкорӣ […]
26 May 2026
ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Шоҳин Эйрлайнз” барои ишғоли вазифаи ҳавонаварди дуюми ҳавопаймои L-410 озмун эълон менамояд.
Талабот нисбати довталабон: • Доштани шаҳодатномаи амалкунандаи ҳавонавардӣ CPL/IR (A) ва ATPL (A). • Доштани шаҳодатномаи тиббии амалкунанда Class 1 • Доштани шаҳодатномаҳои – МСС (Multi-Crew Cooperation Course) – UPRT (Upset Prevention and Recovery Training) • Донистани забони англисии ICAO дар сатҳи на поён аз дараҷаи 4-ум Мо пешниҳод менамоем: • Музди меҳнати рақобатпазир • […]
15 May 2026
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» барои ишғоли вазифаи роҳбалад миёни бонувон озмун эълон менамояд
Талабот нисбати довталабон: • Синну сол аз 18 то 25-сола; • Саломатӣ ва омодагии хуби ҷисмонӣ, қобилияти шиноварӣ; • Қаду қомат на пасттар аз 170 см; • Сатҳи баланди забондонӣ: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ; • Малакаи хуби муошират; • Доштани маълумоти олӣ ва ё таҳсил дар макотиби олӣ; • Намуди зоҳирии озодаву табиӣ, мувофиқ ба […]